ПАЁМИ ШОДБОШИИ Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Ҳамватанони азиз!
Волидайни гиромӣ!
Кӯдакону наврасони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн таҷлил мегардад, самимона табрик ва таҳният менамоям.
Кӯдакон неъмати бебаҳо, ояндаи миллат ва идомадиҳандагони роҳи пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Аз ин рӯ, ғамхорӣ нисбат ба онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия, рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва ҷисмонии онҳо аз вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, таъмини зиндагии шоиста, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Имрӯз кӯдакони Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ ба воя расида, барои омӯзиши илму дониш, азхуд намудани технологияҳои муосир, рушди қобилияту истеъдод ва расидан ба ормонҳои неки худ имкониятҳои васеъ доранд.
Мо ифтихор дорем, ки насли наврасу ҷавони кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои волои фарҳангӣ ва талош барои донишандӯзӣ ба камол расида истодааст ва дар оянда барои рушди устувор ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми кӯдакону наврасони мамлакатро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, хушбахтӣ, рӯзгори осуда, муваффақиятҳои нав дар таҳсил ва зиндагии пурнишоту саршор аз дастовардҳоро орзу менамоям.
Бигзор ҳар як кӯдаки тоҷик дар муҳити меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба камол расида, ҳамчун фарзанди содиқу ватандӯсти Ватан ба ҷомеа хизмат намояд.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бошад!



Leave a Reply