- Wednesday May 27th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 27 майи соли 2026 дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ташрифи ҳайати расмии сатҳи баланд ба Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» баргузор гардид.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Дар ҳайати меҳмонон Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия Арманата Носир, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Тайланд ва Индонезия Ардашери Қодирӣ, инчунин намояндаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Файзиддин иштирок намуданд.
Меҳмонони олиқадрро Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид истиқбол намуда, ба онҳо имконияту афзалиятҳои сармоягузорӣ ва шароити мусоиди фаъолияти соҳибкориро дар минтақа муаррифӣ кард.
Зимни мулоқот ба меҳмонон доир ба инфрасохтори муосир, мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, дастрасӣ ба роҳҳои байналмилалии нақлиётӣ, имкониятҳои содиротӣ, инчунин имтиёзҳои андозиву гумрукӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва фароҳамсозии фазои мусоиди сармоягузорӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намудааст. Дар ин замина, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун омили муҳими рушди истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши калидӣ доранд.
Меҳмонон аз имкониятҳои васеи иқтисодиву сармоягузории минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва густариши робитаҳои иқтисодиву сармоягузорӣ баён карданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муносибатҳои дӯстонаву иқтисодиро таъкид намуда, изҳори боварӣ карданд, ки чунин ташрифҳо дар рушду густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳо байни кишварҳо саҳми назаррас хоҳанд гузошт.


Русский
English


