- Tuesday May 26th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Ҳамватанони азиз!
Сокинони шарафманди Тоҷикистон!
Соҳибкорон, сармоягузорон ва ҳамкорони муҳтарам!
Фарорасии Иди саиди Қурбонро, ки яке аз муқаддастарин ва муборактарин ойинҳои дини мубини ислом ба шумор меравад, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар яки Шумо самимона табрик ва таҳният менамоям.
Иди Қурбон таҷассумгари арзишҳои волои инсонӣ — муҳаббат, садоқат, раҳму шафқат, эҳсонкорӣ, саховатмандӣ ва дастгирии якдигар мебошад. Ин иди муборак моро ба дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми калонсолон, ғамхорӣ нисбат ба ятимону ниёзмандон ва таҳкими фазои сулҳу ваҳдат раҳнамун месозад.
Имрӯзҳо мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот, оромӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ ва фаъолият намуда, барои ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.
Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» низ ҳамчун яке аз марказҳои муҳими рушди иқтисодиву саноатии кишвар бо ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат фаъолияти самаранокро идома дода истодааст.
Мо итминони комил дорем, ки бо дастгирии давлату Ҳукумат, ҳамкориҳои созанда ва меҳнати содиқонаи мардум ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил хоҳем гардид.
Дар ин айёми муборак ба ҳар як хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори обод, бахту саодат, ризқи фаровон ва тандурустии комил орзу менамоям. Худованди меҳрубон аз ҳар як амали неки Шумо розӣ бошад ва Тоҷикистони азизи моро ҳамеша дар паноҳи сулҳу амонӣ нигоҳ дорад.
Бигзор Иди саиди Қурбон ба ҳар хонадон меҳру муҳаббат, сафои дилҳо, баракати зиндагӣ ва шодиву нишоти бепоён оварад.
Иди саиди Қурбон муборак бод!


Русский
English