БОЗДИДИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН АЗ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мулоқоту вохӯриҳо бо роҳбарият ва соҳибкорони ин кишвар таъкид гардид, ки густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Чин омили муҳими рушди саноат, ҷалби технологияҳои муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ мебошад. Ҳамчунин зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорони чинӣ шароити мусоиди фаъолият ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро фароҳам овардааст.

Боздиди сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин аз Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ миёни ду кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба меҳмонон имконияту имтиёзҳои сармоягузорӣ, инфрасохтори муосир, шароити мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ ва афзалиятҳои минтақа муаррифӣ гардиданд.
Қайд карда шуд, ки Маъмурияти минтақа ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, ворид намудани технологияҳои муосир ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ҳамкориҳоро бо шарикони хориҷӣ мунтазам густариш медиҳад.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ миёни Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таъсиси корхонаҳои нав, рушди иқтидори саноатӣ ва пешрафти иқтисоди минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.



Leave a Reply