ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН БА МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

18 майи соли 2026 сармоягузори Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздид намуд.

Меҳмонро роҳбари Маъмурияти МОИ «Данғара» ва муовини аввали раиси ноҳияи Данғара бо самимияти баланд қабул намуда, зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, ба сармоягузор имконияту имтиёзҳои мавҷудаи минтақа муаррифӣ гардида, ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳои судманд изҳори ҳавасмандӣ намуданд.



Leave a Reply