- Monday May 18th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Дар партави сиёсати созанда ва иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, санаи 18 майи соли 2026 ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи ташаббуси байналмилалии «Як камарбанд — як роҳ» аз Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздид ба амал оварданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Меҳмононро Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид ба ҳузур пазируфта, оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, инфрасохтори истеҳсолӣ, иқтидорҳои содиротӣ ва низоми имтиёзноки андозиву гумрукии минтақа маълумоти мукаммал манзур намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнокро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд гардид, ки ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» ҳамчун омили муҳими таҳкими робитаҳои иқтисодии минтақаӣ, рушди саноат ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши муассир дорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дарозмуддат, ҷалби сармоя ба иқтисоди миллӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» иброз намуданд.


Русский
English


