- Sunday May 17th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Ҳамасола бо ташаббус ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар чорабинии оммавии варзишии «Рӯзи дави миллӣ» бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор мегардад.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Дар ин замина, кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» низ дар чорабинии мазкур, ки дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ миёни сокинон баргузор гардида, иштирокчиён бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулият саҳми худро гузоштанд.
Иштироки фаъолонаи кормандон нишонаи ҷонибдорӣ аз сиёсати давлату Ҳукумат дар самти рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии аҳолӣ мебошад.


Русский
English


