ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд.
Зимни мулоқот Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид меҳмононро бо имкониятҳои васеи сармоягузорӣ, инфрасохтори муосир, шароити мусоиди соҳибкорӣ, имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва афзалиятҳои фаъолияти иқтисодӣ дар минтақа муфассал шинос намуд.

Қайд гардид, ки бо дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ, бахусус сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин, тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Чин сол аз сол таҳким ёфта, ҳамкориҳои судманд миёни ду давлат дар самтҳои саноат, энергетика, логистика, коркарди маҳсулот, тиҷорат ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак рушд намуда истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак, воридоти технологияҳои муосир, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, рушди содирот ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Собирзода Ҷамшед Абдусаид инчунин ба меҳмонон афзалиятҳои стратегии минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро шарҳ дода, иброз намуд, ки мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, инфрасохтори муосир ва дастгириҳои давлатӣ барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ заминаи воқеӣ фароҳам меоранд.
Дар навбати худ, сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин аз имконияту шароити фароҳамгардида изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баён карданд.



Leave a Reply