ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Туркияро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни вохӯрӣ ба меҳмонон оид ба дастгириҳои давлатӣ барои сармоягузорон, имконияту шароитҳои мусоиди фаъолият дар минтақа, инчунин имтиёзҳои андозиву гумрукӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда, роҳандозии лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби технологияҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сармоягузорони Ҷумҳурии Туркия аз имкониятҳои фароҳамгардида дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ҳавасмандии худро баён карданд.



Leave a Reply