ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид санаи 08 майи соли 2026 сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чинро самимона қабул намуд.

Зимни вохӯрӣ ба меҳмонон оид ба имконияту шароитҳои мавҷудаи минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, Роҳбари Маъмурият зимни суҳбат бо сармоягузорон оид ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ибрози назар намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ таъкид кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баён намуданд.



Leave a Reply