СУПОРИДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ СУБЪЕКТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БА ҶДММ «БАРАКАТИ СОХТУМОН»

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва рушди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, санаи 05 майи соли 2026 Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракати Сохтумон» шаҳодатномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро супорид.

Зимни маросими супоридани шаҳодатнома таъкид гардид, ки ҶДММ «Баракати Сохтумон» фаъолияти худро бо ҷалби сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳ монда, самти асосии фаъолияти он сохтмон ва хизматрасонӣ мебошад.
Иброз гардид, ки татбиқи чунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои рушди инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу хизматрасонӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» минбаъд низ ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.



Leave a Reply