ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Санаи 30 апрели соли 2026, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сармоягузорони Ҷумҳурии Кореяро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ба меҳмонон оид ба имкониятҳои васеи сармоягузорӣ дар минтақа, инфрасохтори муосир, мавҷудияти қитъаҳои замин барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин имтиёзҳои назарраси андозиву гумрукӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Таъкид гардид, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои рушди соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ муҳити мусоид фароҳам оварда, омода аст ҳамкориҳои судмандро бо сармоягузорони хориҷӣ густариш диҳад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои роҳандозии ҳамкориҳои дарозмуддат ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуданд.
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сармоягузоронро ба ҳамкории фаъол даъват намуда, таъкид менамояд, ки минтақа бо пешниҳоди шароити беҳтарин метавонад ба яке аз марказҳои ҷолиби сармоягузорӣ табдил ёбад.



Leave a Reply