- Friday April 24th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷиҳати таҳкими инфрасохтори муҳандисӣ ва дар оянда таъмин намудани субъектҳои минтақа бо захираҳои обӣ, дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корҳои кандани чоҳҳои амудӣ оғоз гардида, айни замон дар марҳилаи иҷро қарор доранд.
![]() |
![]() |
Дар ҳоли ҳозир корҳои пармакунӣ ва тадқиқоти гидрогеологӣ мутобиқи талаботи меъёрҳои соҳавӣ идома дошта, муайян намудани захираҳо ва сифати обҳои зеризаминӣ пас аз анҷоми пурраи корҳои техникӣ ва таҳқиқотӣ мушаххас мегардад.
Қобили зикр аст, ки натиҷаҳои ниҳоии корҳои мазкур пас аз анҷоми пурраи таҳқиқот ва дарёфти хулосаҳои дахлдори мутахассисон ба таври муқарраргардида пешниҳод карда мешаванд.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди устувори инфрасохтор, тадбирҳои заруриро пайваста амалӣ менамояд.


Русский
English
