- Thursday April 23rd, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 23 апрели соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» вохӯрии расмии Роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид бо ду гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ меҳмонон бо сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди устувори иқтисоди миллӣ, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва фароҳамсозии фазои мусоиди соҳибкорӣ шинос карда шуданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Ҳамчунин ба сармоягузорон маълумоти муфассал оид ба имконияту шароити фароҳамшуда дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла МОИ «Данғара» пешниҳод гардид. Дар ин замина мавҷудияти инфрасохтори муосир, дастрасӣ ба роҳҳои нақлиётӣ, таъминот бо неруи барқ, шароити истеҳсолӣ ва имтиёзҳои назарраси андозӣ ва гумрукӣ таъкид гардид.
Таъкид шуд, ки дар доираи сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ аҳамияти махсус дода шуда, барои сармоягузорони хориҷӣ тартиби соддакардашудаи бақайдгирӣ, кафолатҳои ҳуқуқӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи давлатӣ фароҳам оварда шудааст.
Роҳбари Маъмурият иброз дошт, ки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои охир ба сатҳи баланди стратегӣ расида, сармоягузорони чинӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими истеҳсоливу инфрасохторӣ саҳми назаррас доранд.
Қайд гардид, ки густариши робитаҳои дӯстона ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, бахусус аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои судманд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва истифодаи самараноки имкониятҳои МОИ «Данғара» изҳор намуданд.


Русский
English


