- Tuesday April 7th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 7 апрели соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» вохӯрии Роҳбари маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
![]() |
![]() |
Зимни вохӯрӣ Роҳбари Маъмурият иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди фаъолияти сармоягузорӣ, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, ба сармоягузорон оид ба имконияту шароити мусоиди сармоягузорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», имтиёзҳои андозию гумрукӣ, инчунин дастгириҳои давлатӣ нисбат ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар ҳудуди минтақа табодули афкор намуданд.


Русский
English
