БОЗДИДИ ВАЗИРИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ АБДУРАҲМОНЗОДА АБДУРАҲМОН САФАРАЛӢ АЗ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Санаи 3 апрели соли 2026 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти корхонаҳои амалкунанда, рафти корҳои сохтмонӣ ва ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба Маъмурияти минтақа ташриф оварданд.
Дар ҷараёни боздид муҳтарам Вазири рушди иқтисод ва савдо аз як қатор корхонаҳои амалкунанда ва иншооти истеҳсолие, ки айни замон дар марҳилаи сохтмон қарор доранд, дидан намуда, бо фаъолияти истеҳсолӣ, имкониятҳои мавҷудаи саноатӣ, татбиқи технологияҳои муосир, инчунин рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос гардиданд.

Ҳамзамон, дар доираи боздид мулоқоти судманд бо роҳбарон ва намояндагони корхонаҳо ва ширкатҳои сармоягузор баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба рушди истеҳсолот, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави саноатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ зимни суҳбат таъкид намуданд, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҳамчун яке аз минтақаҳои муҳими саноативу сармоягузории кишвар дорои имкониятҳои фарох барои рушди истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содиротӣ мебошад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки рушди минбаъдаи фаъолияти минтақа бояд ба тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин таъмини таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии маҳаллӣ равона карда шавад.
Дар анҷоми боздид муҳтарам Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳа ва роҳбарияти Маъмурияти минтақа ҷиҳати рушди минбаъдаи фаъолияти истеҳсолӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, ҷалби сармояи нав, тақвияти фаъолияти корхонаҳо ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи минтақа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.



Leave a Reply