ТАБРИКОТИ Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» муҳтарам Собирзода Ҷамшед Абдусаид бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз

Ҳамватанони азиз!
Наврӯз бузургтарин ҷашни миллӣ ва яке аз муқаддастарин суннатҳои мардуми куҳанбунёди тоҷик ба шумор рафта, бо фарорасии он қалбҳо лабрези шодиву сурур мегарданд. Ба ин муносибат, бо камоли эҳтиром ва самимият ҳамаи Шуморо бо фарорасии иди зебои табиат ва эҳёи зиндагӣ — Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори обод, бахту саодат ва комёбиҳои беназир орзу менамоям.
Орзумандам, ки Наврӯзи байналмилалӣ ба сарзамини азизи мо — Тоҷикистони соҳибистиқлол файзу баракат, осоишу оромӣ, сарсабзиву шукуфоӣ ва пешрафту ободиро бештар гардонад.
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки маҳз дар даврони истиқлолият ва бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз эҳё гардида, мақоми байналмилалӣ касб намуд.
Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон, рамзи эҳёи табиат, покиву навсозӣ ва оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ буда, моро ба дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамун месозад.
Имрӯз мо бояд шукргузор бошем, ки дар фазои сулҳу субот ва оромии комил ин ҷашни фархундаро таҷлил менамоем. Ҳифзу таҳкими дастовардҳои истиқлолият, рушди босуботи иқтисодӣ ва ободонии Ватани азиз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон мебошад.
Бигзор, Наврӯзи хуҷастапай ҳамчун пайвандгари наслҳо, таҷассумгари анъанаҳои неки миллӣ ва сарчашмаи илҳоми созандагӣ барои ҳар яки мо неру бахшида, дар дилҳо меҳру муҳаббат ва орзуҳои некро афзун намояд.
Ҷашни Наврӯз муборак бошад, ҳамватанони азиз!



Leave a Reply