ВОХӮРИИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БО САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар шаҳри Душанбе вохӯрии кории Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид бо намояндагони сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди инфрасохтори истеҳсолиро дар ҳудуди МОИ «Данғара» мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои мавҷуда дар минтақа муаррифӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки чунин ҳамкориҳо метавонанд ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намоянд.



Leave a Reply