ВОХӮРИИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БО РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

10 марти соли 2026 дар Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» вохӯрии корӣ миёни Роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид ва ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои нави саноатӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Роҳбари Маъмурият таъкид намуд, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дорои имкониятҳои васеъ барои рушди фаъолияти сармоягузорӣ буда, барои сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар навбати худ сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори ҳавасмандӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ баён карданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар оянда таъкид намуданд.



Leave a Reply