- Tuesday February 24th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 24 феврали соли 2026 Раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин аз фаъолияти субъектҳои истеҳсолии ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», инчунин аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёд боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид Раиси ноҳия аз ҷараёни истеҳсолот дар корхонаҳои амалкунанда ва рафти сохтмони корхонаҳои нав, ки дар ҳудуди минтақа бунёд гардида истодаанд, аз наздик шинос шуданд. Бо роҳбарону намояндагони ҳар як субъект суҳбатҳои алоҳида анҷом дода, оид ба ҳаҷми истеҳсолот, сатҳи истифодаи иқтидорҳо, шумораи кормандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи фаъолияти онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Дар рафти мулоқот бо масъулини корхонаҳо таъкид карда шуд, ки рушди истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва рақобатпазирии он дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ аз ҳадафҳои асосии фаъолияти субъектҳо маҳсуб меёбад. Ҳамзамон зарурати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозию иҷтимоӣ махсус зикр гардид.
Раиси ноҳия ба роҳбарияти корхонаҳои дар ҳоли сохтмон буда дастур доданд, ки корҳои сохтмонӣ бо риояи меъёрҳои шаҳрсозӣ, талаботи техникӣ ва стандартҳои сифат ба анҷом расонида шаванд. Қайд карда шуд, ки сохтмони босифат ва саривақтии иншоот заминаи мусоид барои оғози истеҳсолот, ҷалби сармояи иловагӣ ва таъмини шуғли аҳолии маҳаллӣ фароҳам меорад.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Ҳамчунин таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сиёсати дастгирии соҳибкорӣ ва сармоягузоронро идома дода, ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоиди фаъолияти истеҳсолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар фарҷоми боздид, Раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин дар маҷлисгоҳи Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо иштироки роҳбарияти маъмурият сармоягузори Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳузур пазируфта, масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.


Русский
English






