- Saturday February 21st, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздиди корӣ анҷом доданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Зимни вохӯрӣ роҳбарияти Маъмурият меҳмононро бо имкониятҳои мавҷудаи сармоягузорӣ, имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, инфрасохтори ташаккулёфта ва лоиҳаҳои афзалиятноки дар ҳудуди минтақа амалишаванда муфассал шинос намуданд. Қайд гардид, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои рушди фаъолияти истеҳсолӣ ва саноатӣ шароити мусоид ва рақобатпазир фароҳам овардааст.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таъсиси корхонаҳои навро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманд изҳор намуданд.
Дар анҷоми боздид сармоягузорон ба имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, изҳори итминон намуданд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар оянда боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.


Русский
English






