ШИНОНИДАНИ НИҲОЛҲОИ ТУТ ВА ГУЛҲОИ САДБАРГ ДАР МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити атроф, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва тақвияти корҳои кабудизоркунӣ дар ҳудуди Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» иқдоми навбатии сабзкорӣ амалӣ гардид.

Дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар назди бинои Маъмурият ниҳолҳои тут ва гулҳои садбарг шинонида шуданд. Ин иқдоми созанда ба фароҳам овардани муҳити зебо ва солим, таҳкими фарҳанги муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва беҳтар гардидани симои меъмории ҳудуд мусоидат менамояд.



Leave a Reply