ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Бо мақсади таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии «Данғара» ташрифи корӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни ташриф намояндагони Маъмурият бо сармоягузорон вобаста ба имкониятҳои мавҷудаи сармоягузорӣ, имтиёзҳои ҳуқуқию иқтисодии минтақа, шароити мусоиди фароҳамгардида барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони муҳими сармоягузории Минтақаи Озоди Иқтисодии «Данғара» ба шумор рафта, ҳамкориҳои дуҷониба бо сармоягузорони чинӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ ба таври пайваста рушд меёбанд.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда, татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ва тақвияти муносибатҳои иқтисодии дуҷониба изҳор намуданд.



Leave a Reply