КУМАКИ ЯКВАҚТАИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БА НИЁЗМАНДОНИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Дар арафаи фарорасии Соли нави мелодӣ, бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба як қатор оилаҳои ниёзманди ноҳияи Данғара кумаки яквақта расонида шуд.

Ин иқдоми хайрхоҳона бо мақсади дастгирии иҷтимоии қишрҳои осебпазири ҷомеа, таҳкими рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳсоси ғамхорӣ дар рӯзҳои идона амалӣ гардида, аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ истиқбол ёфт.
Роҳбарияти Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» минбаъд низ дар доираи имкониятҳо ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа чунин тадбирҳои иҷтимоиро идома хоҳад дод.



Leave a Reply