- Wednesday December 31st, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Бо фаро расидани Соли нави мелодӣ – 2026, аз номи Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва шахсан аз номи худ, ҳамаи Шуморо бо ин ҷашни фараҳбахш самимона ва сидқан табрик менамоям.
Соли сипаригардида барои кишвари азизамон — Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли дастовардҳои назаррас дар самти рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд, Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» низ бо татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ ва таҳкими эътимоди шарикон мавқеи худро ҳамчун майдони боэътимод ва рақобатпазири иқтисодӣ боз ҳам устувор намуд.
Бо такя ба сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» минбаъд низ тамоми кӯшишу имкониятҳои худро ба фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди фаъолияти сармоягузорон, ҷалби технологияҳои муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти рақобатпазир ва таҳкими иқтисоди миллӣ равона хоҳад намуд.
Итминони комил дорем, ки Соли нави 2026 барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои созанда бо шарикони дохиливу хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ соли комёбиҳо ва пешрафтҳои нав хоҳад гардид. Мо омодаем, ки дар соли нав низ дар роҳи ҳамкории судманд, шаффоф ва дарозмуддат бо Шумо ҳамеша пешсаф бошем.
Бо орзуи он ки Соли нав соли сулҳу субот, осоиштагӣ, ниятҳои нек, пешрафту комёбиҳо ва дастовардҳои тоза гардад, ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, файзу баракат ва муваффақиятҳои пайдарпай орзу менамоям.
Соли нави 2026 муборак бод!
Бо камоли эҳтиром,
Собирзода Ҷамшед Абдусаид
Роҳбари Маъмурияти
Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»


Русский
English