- Monday December 29th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Дар доираи амалисозии Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024 ба тасвиб расидааст, инчунин бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати густариш додани корҳои ободонию кабудизоркунӣ, беҳдошти муҳити зист ва таъмини рушди устувори кишвар, Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо иштироки роҳбарият ва кормандони маъмурият дар чорабинии ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуд.
![]() |
![]() |
Чорабинии мазкур дар асоси супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тибқи дастур ва супориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Нақшаи амал (солҳои 2025–2027) оид ба татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ роҳандозӣ гардида, дар ҷараёни он бо риояи пурраи талаботи агротехникӣ ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардонидани фонди сабзи кишвар, беҳтар намудани вазъи экологӣ, ҳифзи муҳити зист, пешгирии тағйирёбии иқлим ва фароҳам овардани муҳити солими зист барои аҳолӣ мебошад.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои ба зиммагузошта тибқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ ва нақшаи амал чораҳои заруриро мунтазам амалӣ намуда, минбаъд низ дар татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, иҷрои супоришҳои Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо вобаста ба кабудизоркунӣ то соли 2040 саҳми фаъол хоҳад гузошт.


Русский
English
