- Monday December 29th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади таъмин намудани иҷрои сифатноки сиёсати давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва касбии кормандон, дар Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» маҷлиси корӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни маҷлис Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардида буд, мавриди баррасӣ, шарҳу тавзеҳи ҳамаҷониба қарор дода шуд. Роҳбари Маъмурият муҳтарам Собирзода Ҷамшед Абдусаид муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллатро ба иштирокчиёни маҷлис фаҳмонда, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии давлат, вазифаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ва дастуру супоришҳои марбут ба рушди устувори кишварро муфассал шарҳ доданд.
Зимни баррасӣ таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву стратегӣ барои тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, роҳнамои амал ба ҳисоб рафта, иҷрои саривақтӣ ва босифати он аз ҳар як корманд масъулияти баландро талаб менамояд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ, рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтор, дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки ин самтҳо барои фаъолияти самараноки Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аҳамияти махсуси амалӣ доранд.
Роҳбари Маъмурият ҳамчунин ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоӣ, аз ҷумла нақши занону ҷавонон, рушди маориф, варзиш ва тарбияи кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки омӯзиш ва татбиқи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат бояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи кормандон ҷойгоҳи хос дошта бошад.
Дар анҷоми маҷлис таъкид гардид, ки Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллатро пурра ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда, саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисоди миллӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд


Русский
English