ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо иштироки роҳбарият ва кормандон ба таври дастаҷамъона тамошо карда шуд.

Зимни тамошо ба мазмуну муҳтавои Паём, ки самтҳои асосии сиёсати давлат, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷалби сармоягузориро фаро мегирад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Кормандони маъмурият омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳо ва дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти мамлакат муайянгардида иброз намуданд.



Leave a Reply