- Wednesday December 10th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Бо камоли эҳтиром ва ҳисси баланди ифтихор тамоми аъзоён, ҳаводорон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии ҳизб, ки ҳамасола 10 декабр ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик менамоям.
Таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳалае сурат гирифт, ки кишвар ба неруи воқеан давлатсоз, муттаҳидкунанда ва роҳнамо ниёз дошт. Маҳз дар ҳамон давраи пурпечутоб, бо андешаи созанда, сиёсатҳои дурбинона ва хирадмандии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ҳизб ҳамчун сутуни устувори давлатдорӣ ва пойдевори суботу ваҳдати миллӣ ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати сиёсӣ, иродаи қавӣ ва хирадмандии давлатдорӣ Тоҷикистонро аз марҳилаҳои мушкил ва сарнавиштсоз гузаронида, онро ба давлати мутамаддини муосир табдил доданд. Имрӯз ҳар як гӯшаи Ватан — аз неругоҳҳои бузург то роҳҳои муосир, аз ободии шаҳру деҳот то рушди саноат ва истеҳсолот — гувоҳи корнамоиҳои тақдирсози Пешвои миллат ва сиёсати созандаи ҲХДТ мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз на танҳо як ҳизби сиёсӣ, балки мактаби бузурги ватандорӣ, давлатсозӣ, муттаҳидӣ ва бунёдкорист. Барномаҳои амалии ҳизб дар тамоми самтҳо — аз таъмини суботи иҷтимоӣ то болоравии сатҳи зиндагӣ, аз густариши имкониятҳои иқтисодӣ то таҳкими соҳаҳои маорифу тандурустӣ — натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодаанд. Ин дастовардҳо натиҷаи пайгирии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат мебошанд.
Минтақаи Озоди Иқтисодии «Данғара» низ дар рӯҳияи барномаҳои ҲХДТ ва бо истифода аз сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат фаъолияти худро самтнок карда, тамоми талошҳоро ба рушди саноат, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши иқтидори иқтисодии кишвар равона намудааст. Мо бо ифтихор худро пайрави содиқи сиёсати давлатсозии Пешвои миллат медонем ва ҳар як иқдомро баҳри рушду пешрафти мамлакат равона месозем.
Дар ин рӯзҳои пуршукӯҳи ҳизбӣ ба ҳамаи аъзоён, фаъолон ва ҷонибдорони содиқи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сиҳатмандии бардавом, рӯҳияи баланди ватандорӣ, дастовардҳои нав, комёбиҳои ҳамешагӣ ва барору иқболи нек таманно дорам. Бигзор фаъолияти созандаи мо баҳри ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳамеша самарбор бошад.
Дар охир ба ҳамаи шумо барору комёбиҳои нав ва рӯзгори ободу сарсабз орзуманем ва бигзор ҳамеша саломату сарбаланд бошед.


Русский
English