- Monday December 8th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
No Comments
Санаи 5 декабри соли 2025 дар Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» маросими расмии супоридани Шоҳодатномаи Минтақа ба корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи нав» баргузор гардид.
Шоҳодатномаро Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба роҳбарияти корхона супорид. Самти фаъолияти корхонаи мазкур истеҳсоли навъҳои гуногуни нӯшокиҳои ташнашиканро дар бар мегирад.
Маросими мазкур қадами муҳим дар самти рушди иқтидори истеҳсолӣ ва ҷалби сармоя ба минтақа ба ҳисоб меравад.


Русский
English