Ташрифи меҳмонони Туркменистон ба Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии «Данғара»

Санаи 28 ноябри соли 2025 ҳайати расмии Туркменистон бо сафари корӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф овард. Меҳмонон аз ҷониби роҳбарияти МОИ «Данғара» бо эҳтиром ва самимият истиқбол пазируфта шуданд.

Дар ҷараёни ташриф, ҷониби меҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои дӯстонаи Тоҷикистону Туркменистон, ки дар натиҷаи сафари расмии Президенти Туркменистон ба Тоҷикистон дар сатҳи олӣ таҳким ёфта ва бо имзои ёддошти тафоҳум расмӣ гардонида шудаанд, ёдовар гардиданд.

Меҳмонон аз як қатор корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди минтақа боздид намуда, бо ҷараёни фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.

Баъдан дар маҷлисгоҳи маъмурият вохӯрии расмӣ баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ роҳбарияти минтақа имкониятҳо, инфрасохтори муосир, шароитҳои мусоиди сармоягузорӣ ва дастгириҳои давлатии мавҷудбударо муфассал муаррифӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ба саволҳои ҳайати Туркменистон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид. Ҷонибҳо ҳамчунин бо роҳбарияти субъектҳои хоҷагидор мулоқот намуда, оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои сармоягузорӣ табодули афкор карданд.

Дар анҷом, ҳар ду тараф омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи самтҳои муҳими иқтисодӣ изҳор намуданд



Leave a Reply