ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» ДАР РОҲПАЙМОӢ БАХШИДА БА РЎЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

Кормандони Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳпаймоии тантанавӣ, ки дар маркази ноҳияи Данғара баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

Роҳпаймоӣ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва ифтихори миллӣ доир шуда, иштирокчиён бо парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотирмон роҳпаймоӣ карданд.

Ин иштирок рамзи арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ — яке аз муқаддасоти миллат, ифодаи Истиқлолият, ваҳдат ва давлатдории тоҷикон мебошад.



Leave a Reply