ТАБРИКОТИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ ,,ДАНҒАРА” СОБИРЗОДА ҶАМШЕД АБДУСАИД БА МУНОСИБАТИ 33 ЮМИН СОЛГАРДИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо камоли эҳтиром ва ифтихор Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи муқаддас ва ҷудонопазири давлатдории миллати тоҷик аст, табрик менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки:

«Парчами давлатӣ таҷассумгари истиқлол, ифтихор ва худшиносии ҳар як шаҳрванд мебошад. Ин рамзи шаҳрванди мост, рамзи давлатдории мост ва рамзи сарнавишти миллатамон аст».

Дар ҳақиқат, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ифодакунандаи ваҳдату сарбаландии миллист, балки аз таъриху фарҳанги ҳазорсолаи мардуми тоҷик маншаъ мегирад. Он рамзи қудрат, пойдорӣ, худшиносӣ ва иродаи шикастнопазири миллати мост, ки дар роҳи рушду пешрафти давлат бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат бо муҳтаво ва ҷойгоҳи нав эҳё гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти таҳкими рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ — корҳои бузург, асосӣ ва сарнавиштсозро амалӣ намуд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, рамзҳои давлатӣ мақому эҳтироми ҷаҳонӣ пайдо карда, имрӯз дар ҳар гӯшаи кишвар ҳамчун аломати ваҳдату якпорчагӣ ва дастовардҳои миллӣ бо ифтихор парафшонанд.

Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» низ зери ин парчами муқаддас қадамҳои устувор гузошта, ба як маркази пурқуввати саноатӣ, истеҳсолӣ ва сармоягузорӣ табдил ёфта истодааст. Мо бо такя ба ин рамзи муқаддас ва бо роҳнамоии сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат барои рушду ободии Ватан ва рушди минтақа талош меварзем.

Итминон дорам, ки ҳар як нафар аз шумо — кормандон, соҳибкорон, коргарон ва сокинони меҳнаткаши Данғара — ба қадри рамзҳои давлатӣ мерасед ва дар таҳкими нуфузи Ватани маҳбубамон саҳми арзанда мегузоред.

Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамеша парафшон, Ватани мо обод, кишвар пешрафта ва осмони Тоҷикистон абадӣ софу осуда бошад!



Leave a Reply