- Monday November 17th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо намояндагони Маркази таҳлили ислоҳоти иқтисодӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, оид ба ҷалби сармоягузорӣ ҷиҳати рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷонибҳо вобаста ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳибкорону сармоягузорон гуфтушунид анҷом доданд.
Дар анҷоми мулоқот роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сармоягузорони Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда таъкид карданд, ки таҳкими робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон барои ҳар ду кишвар манфиатовар мебошад.


Русский
English