- Saturday November 15th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Мӯҳтарам ҳамватанон!
Бо эҳсоси ифтихор ва сарфарозии бузург ҳар яки Шуморо ба фарорасии яке аз санаҳои тақдирсозу муқаддаси миллиамон — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Ин рӯзи хотирмон, ки дар сарнавишти давлату миллати тоҷик нақши бузурги таърихӣ гузоштааст, рамзи эҳёву бедории давлатдории миллии мо мебошад ва бо шахсияти фарзонаи миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихи навини давлатдории мо самти рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуд. Маҳз аз ҳамон давра саҳифаи нави сиёсиву иҷтимоии кишвар боз шуда, пояҳои давлатдории навини миллӣ таҳким ёфтанд ва миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои хирадманд роҳи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, бунёдкорию созандагиро пеш гирифт.
Зери сарварии оқилона ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз вартаи ҷанг ва бенизомӣ раҳо гардида, имрӯз ба давлати ободу амн ва рӯ ба рушд табдил ёфтааст. Дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ — аз эҳёи иқтисоди миллӣ ва рушди соҳаҳои стратегӣ то татбиқи ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, табдил ёфтани кишвар ба давлати индустриалӣ-аграрӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва густариши роҳҳои нави коммуникатсионӣ — аз самараи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат маншаъ мегиранд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускори сулҳ, ҷонибдори ҳамкориҳои судманд ва ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз ҷумла масоили обу иқлим, мавқеи устувор пайдо намудааст.
Мо — кормандони Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» — бо эҳсоси ифтихор ва масъулияти баланд иброз медорем, ки фаъолияти ҳаррӯзаи худро ба татбиқи сиёсати созанда, рушди иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ равона хоҳем кард.
Бовар дорем, ки таҳти сарварии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо меҳнати ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди кишвар, Тоҷикистони азизамон боз ҳам рушд карда, ба сафи давлатҳои пешрафта ва шукуфо хоҳад пайваст.
Бо истифода аз ин фурсат, ба Пешвои муаззами миллат — Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва муваффақиятҳои нав ба нав дар роҳи рушду пешрафти давлату миллат таманно менамоем.
Бигузор парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша баланд парафшон бошад ва рӯҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар қалбу дидаи мардуми шарафмандамон абадан ҷовидон монад.


Русский
English