- Friday November 14th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ, Роҳбари Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии «Данғара» аз Минтақаи Озоди Иқтисодии Алат дидан намуд. Мақсади асосии ин ташриф аз наздик ошно шудан бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, равандҳои технологӣ, инфрасохтори муосир ва таҷрибаи пешқадами идоракунии истеҳсолот дар ин минтақа буд.
Зимни боздид, ҷонибҳо дар бораи имкониятҳои ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби сармоя ва истифодаи таҷрибаи муваффақи истеҳсолии Минтақаи Озоди Иқтисодии Алат табодули назар намуданд. Дар ҷараёни мулоқот, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва тавсеаи заминаҳои сармоягузорӣ, байни Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии «Данғара» ва Минтақаи Озоди Иқтисодии Алат Ёддошти тафоҳум (Меморандум) ба имзо расонда шуд. Ин санад барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мустаҳкамсозии робитаҳои иқтисодӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Роҳбари МОИ «Данғара» изҳор дошт, ки омӯзиши чунин таҷрибаи муосир барои рушди иқтидорҳои саноатӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ аҳамияти хосса дорад.
Ин ташриф заминаи мусоиде барои густариши робитаҳои дуҷониба ва татбиқи ташаббусҳои нави ҳамкорӣ ба вуҷуд оварда, қадаме муҳиме ба сӯи рушди муносибатҳои иқтисодии судманд арзёбӣ мегардад.


Русский
English