ДАР РӮЗИ СЕЮМИ САФАРИ КОРИИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БА ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН – ДИДОР АЗ КОРХОНАИ «АСАН ХИДМАТ»

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ, Роҳбари Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии «Данғара» аз корхонаи «Асан Хидмат» дидан намуданд. Ҳадафи асосии ин боздид ошноӣ бо фаъолияти корхона, раванди расонидани хизматрасониҳои инноватсионӣ, низоми ташкили кори муосир ва таҷрибаи муваффақи идоракунӣ дар ин ниҳод буд.

Бо назардошти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати вусъат бахшидани раванди рақамикунонӣ ва ворид намудани технологияҳои муосири электронӣ, дар ҷараёни боздид ба омӯзиши таҷрибаи рақамикунонӣ, татбиқи хизматрасониҳои рақамӣ ва роҳҳои беҳтарсозии низоми электронии идоракунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ин иқдом ба такмили раванди рақамикунонии хизматрасониҳо дар МОИ «Данғара» ва истифодаи усулҳои пешрафтаи рақамӣ дар фаъолияти маъмурӣ мусоидат хоҳад намуд.



Leave a Reply