Ташрифи сармоягузорони Правинсияи Шэнси ба Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодию саноатӣ талош меварзанд, 5 ноябри соли 2025 ҳайати сармоягузорони Правинсияи Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф овард.

Роҳбарияти Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» меҳмононро самимона истиқбол гирифт ва онҳоро ба як қатор корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди минтақа ҳамроҳӣ намуд. Дар ҷараёни боздид меҳмонон бо фаъолияти корхонаҳо, имкониятҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва шароити мусоиди сармоягузорӣ аз наздик шинос гардиданд.

Ҳамчунин сармоягузорони Правинсияи Шэнси бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки айни ҳол дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» фаъолият доранд, мулоқот ва суҳбати самимӣ анҷом доданд. Дар рафти суҳбат онҳо оид ба таҷрибаи муваффақи кор дар минтақа, дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Маъмурият мубодилаи назар намуда, аз ҳамватанони худ дар бораи шароиту имкониятҳои мавҷуда маълумот гирифтанд.

Меҳмонон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки фазои мусоиди сармоягузорӣ, дастгирии доимии Ҳукумат ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувор барои ҳамкории минбаъда мебошад. Онҳо изҳори боварӣ ва омодагии худро барои ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» баён доштанд.

Баъдан дар маҷлисгоҳи маъмурият вохӯрии расмӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он роҳбарияти Маъмурият ба меҳмонон оид ба имкониятҳо ва шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Таъкид гардид, ки сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат дар самти саноатикунонии босуръати кишвар, фароҳамсозии муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва рушди инфрасохтор омили асосии пешрафти иқтисодии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Дар анҷом ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни сармоягузорони Правинсияи Шэнси ва Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба таҳкими робитаҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва рушди иқтисодию саноатии ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.



Leave a Reply