ТАБРИКОТИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ ,,ДАНҒАРА”  СОБИРЗОДА ҶАМШЕД АБДУСАИД БА ИФТИХОРИ 31- СОЛАГИИ РӮЗИ КОНИСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар замони барқароршавии пояҳои давлатдории миллӣ ва пас аз давраи пурошӯби таърихӣ, бо ташаббусу раҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.

Маҳз бо сиёсати дурандешона ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, миллати тоҷик тавонист пас аз ҷанги шаҳрвандии харобиовар роҳи сулҳу ваҳдатро интихоб намуда, бо қабули Конститутсия пояи давлатдории муосир, истиқлолият ва якпорчагии миллиро устувор намояд. Конститутсия ба ҳайси рамзи ваҳдат, сулҳ ва суботи миллӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат неру ва равнақ бахшид.

Ин санади олии ҳуқуқӣ ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ, кафолати истиқлолият, озодӣ ва ваҳдати миллӣ хизмат намуда, роҳнамои ҷомеаи мо дар роҳи созандагӣ ва пешрафт мебошад.

Бо эҳсоси ифтихори миллӣ ва самимияти бепоён тамоми сокинони кишвари азизамонро ба ифтихори 31-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин санади муқаддасу тақдирсози давлатдорӣ табрик ва муборакбод мегӯям. Таманно дорам, ки партави анвори ин Қонуни Асосӣ ба Ватани маҳбубамон шукуфоӣ, пешрафт ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон бахту иқболи баланд оварад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки Конститутсия ифодаи равшани орзуву ормонҳои халқи тоҷик, рамзи ваҳдат, сулҳ ва суботи давлат мебошад. Маҳз дар партави меъёрҳои он Тоҷикистон тавонист дар фазои оромиву босаодат роҳи рушду тараққиро пайгирона идома диҳад.

Конститутсия ҷавҳари арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътирофу ҳифз менамояд, сохтори сиёсӣ ва идоракунии давлатро муайян карда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро танзим менамояд. Бо қабули он марҳалаи нави давлатсозии миллӣ оғоз ёфт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувори худро пайдо намуд.

Дар давоми 31 соли сипаришуда меъёрҳои Конститутсия ба пояи қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ ва зиндагии ҳаррӯзаи шаҳрвандон табдил ёфтаанд. Бо ҳидоят ва раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва арзишҳои умумибашарӣ роҳи давлатдории муосир ва қонунсолориро интихоб намуд.

Имрӯз метавон бо ифтихор зикр кард, ки татбиқи пурмаҳсули меъёрҳои Конститутсия заминаи устувори рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро фароҳам овардааст. Барномаҳои муҳими давлатӣ — аз эҳёи деҳот то рушди саноату энергетика, аз таъмини амнияти озуқаворӣ то пешбурди илм, маориф ва рақамикунонии иқтисод — маҳз дар доираи сиёсати конститутсионӣ ва бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат амалӣ мегарданд.

Ҳамзамон, бо дарназардошти тағйирёбии шароити ҷаҳонӣ ва рушди босуръати кишвар, Конститутсия дар давраҳои муайян бо илова ва тағйирҳои зарурӣ такмил дода шуд, ки ин далели эҳтирому масъулияти баланди давлат ва ҷомеа нисбат ба ояндаи Ватан ва наслҳои нав мебошад.

Имрӯз, дар марҳалаи нави рушди давлатдорӣ, муҳим аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар аҳамияти Конститутсияро амиқ дарк намуда, ба иҷро ва риояи он содиқона амал намояд. Эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа ва садоқат ба Ватан — пояи асосии фарҳанги конститутсионии миллатанд.

Бинобар ин, вазифаи ҳар яки мост, ки бо меҳнати софдилона ва эҳсоси баланди ватандорӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро барои таҳкими пояҳои истиқлолият, пешрафти Тоҷикистони азиз ва баланд бардоштани эътибори он дар арсаи ҷаҳонӣ равона созем.

Шукргузорем, ки имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва татбиқи неку муваффақонаи меъёрҳои Конститутсия Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон рӯ ба рушду шукуфоӣ дорад ва мардуми кишвар дар фазои сулҳу субот ва оромӣ зиндагӣ доранд. Набояд фаромӯш сохт, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Ба ин муносибати муборак — 31-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — тамоми ҳамватанон, ҳамкорон ва дӯстдорони Ватанро аз самими дил табрик гуфта, ба ҳар як хонадон сулҳу субот, тандурустӣ, бахту иқбол, ризқи фаровон ва комёбиҳои нав ба нав орзумандам.

Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша чароғи роҳнамои пешрафт, ваҳдат ва муваффақияти давлати соҳибистиқлоламон бошад!



Leave a Reply