Ташрифи сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

Санаи 23 августи соли 2025 гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади аз наздик шинос шудан бо имкониятҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ ба Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд.

Дар рафти мулоқот, Роҳбари Маъмурияти МОИ «Данғара» сармоягузоронро бо имкониятҳои васеи минтақа, имтиёзҳои ҳуқуқиву иқтисодӣ ва ҳамчунин дастгириҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ муаррифӣ намуд.

Зимни сафар, меҳмонон бо инфрасохтори мавҷуда, имкониятҳои истеҳсоливу тиҷоратӣ ва шароити мусоиди сармоягузорӣ дар ҳудуди минтақа аз наздик шинос гардиданд.

Ҳамзамон, миёни ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» омодагии худро барои фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ ва дастгирии ҳамаҷониба ба сармоягузорон изҳор намуд.



Leave a Reply