- Wednesday August 20th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
No Comments
20 августи соли 2025, Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯриҳо бо як қатор гурӯҳҳои сармоягузорони эронӣ баргузор намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба дастгирии ҳамаҷонибаи давлатӣ ва густариши имкониятҳои сармоягузории хориҷӣ дар ҳудуди Минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Ҳамзамон, Роҳбари Маъмурияти МОИ «Данғара» аз як қатор корхонаҳои саноатии Эрон, аз ҷумла корхонаи сементбарорӣ, корхонаи коркарди орд, корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ ва корхонаи арматурбарорӣ боздид намуда, бо раванд ва таҷрибаи истеҳсолии онҳо аз наздик шинос гардид.
Дар натиҷаи мулоқот ва музокирот бо сармоягузорони эронӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.


Русский
English


