- Thursday August 7th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
No Comments
Бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва роҳандозии фаъолиятҳои истеҳсолӣ, сармоягузори Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии “Данғара” боздид ба амал овард.
Зимни ташриф, ҷониби сармоягузор изҳори хоҳишмандӣ намуд, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ корхонаи коркарди орд таъсис дода, ба фаъолиятҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ оғоз намояд.

Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии “Данғара” омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои мусоиди инфрасохторӣ ва ҳуқуқӣ баҳри татбиқи лоиҳаи мазкур изҳор медорад.


Русский
English