- Tuesday July 29th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
No Comments
28 июли соли 2025 дар толори Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии “Данғара” маросими расмии супоридани Шаҳодатномаи давлатӣ ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Рушди Сармоягузории Саноатии Шарқ» баргузор гардид. Ин ширкат бо иштироки сармояи хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфта, фаъолияти худро дар ҳудуди МОИ “Данғара” ба роҳ мемонад.
![]() |
![]() |
![]() |
Шаҳодатнома аз ҷониби Роҳбари Маъмурият ба намояндагони ширкат ба таври расмӣ супорида шуда, ин иқдом қадами муҳиме дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва тавсеаи имкониятҳои иқтисодии минтақа маҳсуб меёбад.
Маъмурияти МОИ “Данғара” ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, мусоидат ба амалӣ намудани лоиҳаҳои истеҳсолӣ ва фароҳам сохтани муҳити созгори сармоягузорӣ ҳамеша омода мебошад


Русский
English

