Иштироки Роҳбари Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии “Данғара” дар Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ

22 июли соли 2025 Роҳбари Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии “Данғара” дар Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳамкории Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Россия дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Форуми мазкур таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳлиддин Нуриддинзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Семиён Григориев ва муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Мурат Керефов, бо ширкати намояндагони вазорату идораҳо, доираҳои соҳибкориву сармоягузорӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар шарикони рушд баргузор гардид.

Дар ҷараёни форум роҳбари МОИ “Данғара” бо як қатор сармоягузорони хориҷӣ мулоқоту музокироти самарабахш анҷом дода, онҳоро бо имкониятҳо ва инфрасохтори мавҷудаи минтақа, шароити мусоиди сармоягузорӣ ва тадбирҳои дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Минтақаи Озоди Иқтисодии “Данғара” муаррифӣ намуд.

Дар натиҷаи мулоқоту музокирот, байни Маъмурияти МОИ “Данғара” ва яке аз сармоягузорони хориҷӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки заминаи мусоид барои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодиву сармоягузорӣ фароҳам меорад.

Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии “Данғара” ба ҳамаи шарикони дохиливу хориҷӣ барои ҳамкориҳои созанда ва дастгирии пайваста изҳори миннатдорӣ баён намуда, омодагии хешро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти иқтисод ва сармоягузорӣ таъкид менамояд.



Leave a Reply