Ташрифи сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии “Данғара”

16 июли соли 2025 ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва инфрасохтори мавҷуда аз Минтақаи Озоди Иқтисодии “Данғара” боздид ба амал оварданд.


Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таъсис ва рушди корхонаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки барои густариши муносибатҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.



Leave a Reply