- Tuesday July 15th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии “Данғара” бо такя ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, омодагии комили худро ҷиҳати фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои рушди устувор, пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории ширкатҳои ватаниву хориҷӣ иброз медорад.

14 июли соли 2025, дар доираи густариши ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии “Данғара” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Технологияи абрешими Осиёи Марказӣ” шоҳодатномаи расмии бақайдгирӣ супорида шуд.
Ширкати мазкур бо сармояи хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфта, минбаъд фаъолияти худро дар ҳудуди МОИ “Данғара” дар самти коркарди абрешим ва истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ба роҳ мемонад


Русский
English