- Saturday June 28th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Аз 24 то 26 июни соли 2025 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” муҳтарам Собирзода Ҷамшед Абдусаид иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни суханронӣ муҳтарам Собирзода Ҷ.А. таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, тақвияти фаъолияти онҳо ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.
Мақсади асосии иштирок дар форум муаррифии васеи имкониятҳо ва афзалиятҳои сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, ҷалби сармояи хориҷӣ ба бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин арзёбӣ гардид.
Зикр карда шуд, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими рушди саноати истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ дар кишвар табдил ёфта, бо инфрасохтори муосир, муҳити устувори ҳуқуқӣ ва имтиёзҳои ҷолиби андозиву гумрукӣ шароити мусоиди фаъолиятро барои сармоягузорон фароҳам овардааст.
Дар ҳошияи форум мулоқоту музокироти судманд бо як қатор ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои дигар доир гардида, як зумра ёддошти тафоҳум дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ ба имзо расиданд. Ин санадҳо заминаи воқеӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармояи мустақим ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” фароҳам меоранд.
Дар интиҳои суханронӣ муҳтарам Собирзода Ҷ.А. аз ширкаткунандагони форум, бахусус соҳибкорону сармоягузорони чинӣ ва дигар кишварҳо даъват ба амал оварданд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, логистика ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ саҳмгузор бошанд.
Форуми мазкур ҳамчун минбари муҳими муаррифии имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими равобити стратегии иқтисодии байни доираҳои соҳибкориву сармоягузории ду кишвар арзёбӣ гардида, нақши муассир ва созандаро дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба бозид.


Русский
English