ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ВАСИЛАИ ОСОИШ ВА ПЕШРАФТИ МИЛЛАТ

Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон баъди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо рукни асосии эҳёи давлат ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид, балки ба як арзиши волои сиёсиву маънавӣ мубаддал шуд. Ба шарофати ин ваҳдат, фарҳанги таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳанпарастӣ ва истиқлолгароӣ дар ҷомеа мустаҳкам гардида, давлатдории миллии тоҷикон дубора эҳё ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ шароити рушди устувор фароҳам омад.

Мафҳумҳои муқаддас ва тақдирсози Сулҳ, Ваҳдат ва Истиқлолият бо ҳам зич пайваст буда, рамзи ҳастии давлату миллат ва заминаи асосии зиндагии орому осоиштаи халқ ба шумор мераванд. Ваҳдати миллӣ маҳсули Истиқлолияти давлатӣ буда, худогоҳӣ ва худшиносии миллиро боло бурда, ҳамчун арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили асосии ҳамаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳар қадар аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фосилаи таърихӣ бештар мегардад, ҳамон андоза аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангии он барои Тоҷикистони соҳибистиқлол равшантару барҷастатар мешавад. Воқеан, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун рӯзи пирӯзии ақл бар зӯроварӣ, сулҳ бар ҷанг ва дӯстӣ бар кинаву адоват дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи наву дурахшонеро боз намуд.

Қабули Созишномаи сулҳ ва татбиқи пайвастаи он заминаи воқеии таъмини ягонагии миллӣ, болоравии ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ гардид. Маҳз бо шарофати сиёсати ваҳдатофарини Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миллати тоҷик аз гирдоби ҷанг раҳида, ба як марҳилаи нав — марҳилаи рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва маънавӣ ворид гардид.

Хидматҳои таърихии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи истиқлолият ва ба сӯи рушди давлатдории навин раҳнамоӣ кардани кишвар беназир буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ҳамчун намунаи барҷастаи сулҳофаринӣ эътироф гардидааст. Зери ин роҳбарии оқилона Тоҷикистон тавонист, дар муддати кӯтоҳ ба як кишвари амну субот, орому пешрафта мубаддал гардад.

Имрӯз ваҳдати миллӣ на танҳо дастоварди бузург, балки кафили субот, заминаи рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рукни асосии ҳаёти орому осоиштаи мардум мебошад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки шукронаи ин неъмати бебаҳо — сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатиро намуда, дар роҳи ободии Ватан, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро гузорем.

Бо эҳтиром,
Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»
Собирзода Ҷ. А.



Leave a Reply