- Saturday June 21st, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
No Comments
Санаи 20 июни соли 2025 гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии миллии рушди саноат ва таҳкими ҳамкориҳои сармоягузорӣ аз Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздид ба амал оварданд.
Зимни сафари корӣ, меҳмонон бо фазои мусоиди сармоягузорӣ, имкониятҳои истеҳсолӣ ва инфрасохтори мавҷуда дар Минтақа шинос шуданд. Ҳамзамон, онҳо корҳои лоиҳакаширо барои таъсиси корхонаи саноатии худ дар ҳудуди Минтақа оғоз намудаанд.
Боздиди мазкур як қадами муҳим дар ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад ва заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак фароҳам меорад.






Русский
English