ПАЁМИ ТАБРИКОТИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Ҳамватанони гиромӣ,

Ҳамкорон ва шарикони муҳтарам!

     Ба ифтихори фарорасии Иди Саиди Қурбон — яке аз муқаддастарин ва пурарзиштарин ҷашнҳои динии мардуми мусулмон, аз номи Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии «Данғара» ва шахсан аз номи худ, ҳар яки Шуморо сидқану самимона табрик гуфта, бароятон саломатии комил, рӯзгори обод, файзу баракат ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

     Мо  дар фазои сулҳу субот, ваҳдат ва рӯҳияи созандагӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба сӯи рушди устувори иқтисодӣ бо қадамҳои боварибахш пеш меравем. Боварии комил дорам, ки бо шукргузорӣ аз ин фазои солим ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу мазҳабӣ, мо метавонем дар рушди бештари иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузорем.

     Иди Саиди Қурбон дар баробари моҳияти илоҳӣ ва мазҳабӣ доштанаш, иди инсонгароӣ, ҳамдиливу эҳсон ва ҳамбастагӣ низ мебошад. Иди Курбон мардумро ба худшиносӣ, эҳтироми мутақобила ва кумаку дастгирии ниёзмандон даъват мекунад. Дар тӯли асрҳо Иди Қурбон дар қалби мардуми мо ҳамчун рамзи эҳсоси масъулият, инсондӯстӣ ва хайру саховат ҷойгоҳи устувор пайдо намудааст.

     Бори дигар ҳамаи шумо — сокинони кишвар, ҳамкорону соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо иди Қурбон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сулҳу амонӣ, ризқи фаровон ва тавфиқи амал орзу менамоям.

Иди Қурбон муборак бошад ҳамватанони гиромӣ!



Leave a Reply